Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 низоъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон


Марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Муовини раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Абдукарим Олимбоев рӯзи 29 феврал дар як сӯҳбати мизигирд дар нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфт, дар соли 2015 низоъҳои аз ҳама бештар дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон сабт шудааст. Ба гуфтаи Олимбоев, дар соли гузашта дар ин марз 9 даргирӣ, аз ҷумла як даргирии мусаллаҳона рух додааст.

Аммо ба фарқ аз соли 2014, ки дар ин марз 32 низоъ, аз ҷумла 3 даргирии мусаллаҳона рух дода буд, соли гузашта, ба бовари марзбонҳои қирғиз, хеле оромтар будааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километраш таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар манотиқи баҳсии ин марз, бахусус дар марзи вилояти Бодканд бо навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи Тоҷикистон, ҳар сари чанд вақт бар сари масоиле, чун тақсими замину обу роҳ байни сокинони ду тараф низоъҳо пеш меоянд.

XS
SM
MD
LG