Пайвандҳои дастрасӣ

Эътои ҷоизаи байналмилалӣ ба сафири Тоҷикистон


Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон ҷоизаи Улуми Иҷтимоӣ, Санъат ва Башардӯстии Консорсиюми байни донишгоҳии рушди улуми иҷтимоии Покистон барои 2016-ро дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, ин ҷоизаи байналмилалӣ ба ҷаноби Ҷононов барои "хизматҳои боарзишаш дар самти хадамоти иҷтимоӣ, улуми иҷтимоӣ, санъат ва башардӯстӣ" тақдим шудааст.

Ҷоизаи Улуми Иҷтимоӣ, Санъат ва Башардӯстии Консорсиюми байни донишгоҳии рушди улуми иҷтимоии Покистон ҳамасола ба донишмандон, сиёсатмадарон ва гурӯҳҳои алоҳида барои саҳми фаъол дар тавсеъаи улуми иҷтимоӣ ҷудо шуда ва дар соли ҷорӣ 9 нафар ва се ташкилот соҳиби ин ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG