Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи зиддитеррористии пойгоҳи 201 дар Лоҳур


Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми машқ. Ак саз бойгонӣ
Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми машқ. Ак саз бойгонӣ

Нирӯҳои иктишофии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар тамрингоҳи Лоҳур машқи вижаеро барпо кардаанд, ки ҳадафаш пайдо ва нобуд кардани ситоди гурӯҳи шартии террористӣ будааст. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии вазорати дифои Русия гуфт, гурӯҳҳои иктишофӣ тавонистанд бо истифода аз оташи пулемётҳои зиреҳпӯши БТР-80 ба маркази “террористҳо” ворид шуда, онҳоро аз байн баранд. Дар ин машқҳо аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва автоматҳои бесадо низ истифода шудааст. Пойгоҳи 201-ум бо зери 7000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои заминии артиши Русия ба шумор меравад. Тоҷикистон дар соли 2012 бо имзои як қарордод замони будубоши ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид кард.

XS
SM
MD
LG