Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Довари бозии “Триполи” - “Истиқлол” аз Туркманистон


Чоримурод Қурбонов аз Туркманистон довари бозӣ миёни дастаҳои “Триполи”-и Лубнон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон таъин шудааст.

Бозии даври дувуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои “Триполи”-и Лубнон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон Чоримурод Қурбонов аз Туркманистон доварӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи 8 март дар шаҳри Триполи соати 18:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Чоримурод Қурбонови 39-сола, ки аз шаҳри Ишқобод аст, бозиҳои байналмилалиро аз соли 2003 доварӣ мекунад. Пештар ӯ ду бор бозиҳоро бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон ҳакамӣ кардааст. Вай сардовари бозии Ҷоми AFC-2013 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Риффа» (Баҳрайн, 0:3) ва бозии Ҷоми AFC-2014 миёни дастаҳои «Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон, 8:0) буд.

Полвон Полвонов (Туркманистон) ва Андрей Сапенко (Узбакистон) ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Алибек Сапаев (Туркманистон) вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Исмоил Сафирӣ аз Эрон нозири доварон ва Муҳаммад Салмон Намшан аз Арабистони Саудӣ комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро бо тими Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Ин бозӣ 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.

Ҷоми АFC-2016

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

1

1

0

0

1-0

3

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Триполи» (Лубнон)

1

0

0

1

0-1

0

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) – 0:0

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Триполи» (Лубнон) – 1:0

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG