Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Узбакистон $3 000 ҷарима шуд


Додгоҳи ноҳияи Курмангазии вилояти Атирайи Қазоқистон барои убури ғайриқонунӣ аз марз як шаҳрванди Узбакистонро 3 ҳазор доллар ҷарима бастааст. Ин шаҳрванд бо номи Каримов Ж.ишкамғеҷ аз марзи миёни Русияву Қазоқистон гузаштааст. Дар ин бора дафтари матбуотии додгоҳи вилоятӣ хабар додааст.

Дар ин хабар омадааст, Каримов Ж. моҳи январи соли 2016 аз қаламрави Русия дар рустои Кигачи ноҳияи Курмангазӣ ба марз наздик шудааст ва ишкамғеҷ аз зери панҷараҳои хати марз ба қаламрави Қазоқистон гузаштааст.

Каримов ин ҷурми худро эътироф кардааст ва гуфтааст, ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро риоят накардааст ва ба вай хатари депорт таҳдид мекард, бинобар ин маҷбур шудааст, ки ғариқонунӣ аз марз бигзарад.

Вайро 3 ҳазор доллар ҷарима бастаанд ва акнун вай ҳақ надорад дар муддати 5 сол аз марзи Қазоқистон бигзарад.

XS
SM
MD
LG