Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии навбатии Клинтон дар миёни номзадҳои демократ


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико дар интихоботи муқаддамотии ҳизбӣ дар миёни номзадҳои Ҳизби Демократ дар аёлати Каролинаи Ҷанубӣ пирузии чашмгир ба даст овард.

Он гуна, ки интизор мерафт, хонум Клинтон райи тақрибан 39 намояндаро соҳиб шуд ва 14 райи дигарро рақиби вай сенатори Вермонт Бернӣ Сандерс ба даст овард.

Ҳар номзаде, ки райи 2 382 намояндаро дар интихоботи дохили ҳизбӣ соҳиб мешавад, дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурӣ ширкат меварзад.

Пирузии Клинтон дар остонаи интихоботи муқаддамотии сешанбеи бузург дар 3 март муҳим аст, зеро дар он аз 11 аёлати Амрико 865 намоянда ширкат мекунанд.

Назрхоҳиҳо нишон медиҳанд, ки дар Каролинаи Ҷанубӣ 80 дарсади аҳолии сиёҳпӯст ва 85 дарсади занон ба ҷонибдорӣ аз Ҳилларӣ Клинтон рай додаанд.

XS
SM
MD
LG