Пайвандҳои дастрасӣ

Пирузии ислоҳталабон дар ҳамаи 30 ҳавзаи Теҳрон


Дар ҳоле, ки бештар аз 90 дарсади оро шумурда шудааст, мақомоти Эрон мегӯянд, ки ҷонибдорони Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури ислоҳотталаби ин кишвар дар интихоботи порламонӣ дар ҳамаи 30 ҳавзаи Теҳрон пируз шудаанд. Порламон ё Маҷлиси Эрон дорои 290 курсӣ мебошад.

Шумориши оро тақрибан ба поён мерасад ва натиҷаҳои он нишон медиҳад, ки ислоҳталабон дар интихоби аъзои Хирбагони раҳбарӣ низ нисбат ба усулгароён ё муҳофизакорон дар сафи пеш қарор доранд. Ин ниҳодест, ки раҳбари рӯҳонии Эронро интихоб мекунад.

Баъд аз лағви таҳримҳои Ғарб интихоботи 26 феврал аввалин интихобот ба шумор меравад. Ҳукумати Эрон зери раҳбарии Ҳасан Рӯҳонӣ дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаиаш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ба тавофуқ расид.

XS
SM
MD
LG