Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Немтсов раҳпаймоӣ анҷом доданд


Ҷонибдорони Борис Немтсов дар рӯзи яксолагии қатли вай дар маркази Маскав раҳпаймоӣ анҷом доданд. Онҳо дар ҷараёнираҳпаймоӣ хиёбонҳоро баста буданд. Шумораи ширкаткунандагони раҳпаймоӣ дар баъзе ҷойҳо то 25 ҳазор нафар тахмин зада мешуд.

Немтсов собиқ муовини нахуствазири Русия ва мунаққиди ошкори Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия шоми 27 феврал дар рӯи пули наздикии Кохи Кремл ба қатл расонда шуд.

Мақомоти шаҳри Маскав иҷоза надоданд, ки ҷонибдорони Немтсов то ба маҳали қатли вай дар рӯи пул раҳпаймоӣ анҷом диҳанд, вале ҷои дигарро барои раҳпаймоӣ дар маркази Маскав пешниҳод карданд.

Ҷое, ки вай ба қатл расид ва афтода буд, ба маҳали муқаддаси зиёрати ҷонибдоронаш табдил ёфтааст ва онҳо дар он ҷо гул гузоштанд. Вале кормандони шаҳр онро зуд бардоштанд.

Ҷон Тефт-сафири Амрико дар Русия субҳи рӯзи 27 феврал дар рӯи ин пул гулчанбар гузошт. Вай гуфт, “Ман ин ҷо омадам, то бигӯям, ки баъзе орзуҳои Немтсов дар Русия амалӣ хоҳанд шуд”.

26 феврал Думаи Давлатии Русия пешниҳод дар бораи як дақиқа сукут ба поси хотираи Немтсовро рад кард.

XS
SM
MD
LG