Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров: Вақти рафтан фаро расид


Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, гуфтааст, ки замони раҳбарии ӯ ба поён расида, ҳоло бояд ба курсии раёсати ҷумҳури кишвараш нафари дигар бинишинад. Қодиров дар ин бора дар барномаи "Телевизиони марказӣ"-и НТВ-и Русия ибрози назар кардааст.

Ӯ гуфтааст, "агар аз рӯйи адолат ҳарф бизанем, то имрӯз ман аз ӯҳдаи иҷрои корҳо баромадаам. Аммо барои он ки исми маро алайҳи мардумам истифода накунанд, фикр мекунам, барои раҳбарии Чеченистон бояд нафари дигареро ҷуст."

Рамазон Қодиров дар идома таъкид кардааст, "замони раҳбарии ман гузашт ва дар тими мо теъдоди мутахассисони хуб барои ҷойгузини банда низ зиёд ҳастанд." Рамазон Қодиров, писари Аҳмад Қодиров – раисиҷумҳури собиқи Чеченистон аст, ки тӯли ҳашт сол боз зимоми қудрат дар он кишварро дар даст дорад. Ӯ борҳо дар нишасту бархостҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳимояташ аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро баён доштааст.

XS
SM
MD
LG