Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии се ҷавони туркмантабор тайи як соли охир дар Ҷилликӯл мақомоти ин ноҳияро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар сурати такрори чунин ҳодисаҳо раисони маҳаллаҳо ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Райҳона Қурбонова, сокини туркмантабори ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон, ки ба қавли наздиконаш имсол бояд синфи 11-ро хатм мекард, баъд аз ҷавоби рад гирифтан барои иштирок дар тӯйи яке аз дугонаҳояш, худкушӣ кардааст. Чорӣ Қурбонов, падари Райҳона, гуфт, ки духтараш дар мактаби рақами 8-и ноҳияи Ҷилликӯл таҳсил мекард ва аз нигоҳи равонӣ аслан мушкил надошт.

Қурбонов 27 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи ҳодисаи худкушии духтарашро ба хотир овард ва гуфт: "Ӯ бо рӯймол худашро овехтааст. Вақте аз ин ҳодиса хабардор шудем, алакай ҷон дода буд." Ин сокини туркмантабори ноҳияи Ҷилликӯл мегӯяд, ки то кунун сарфаҳм нарафтааст, худкушии духтараш танҳо барои ҷавоби радди ӯ буд, ё дар миён баҳси дигаре вуҷуд дошт?

"Дар масъалаи ҷавоби рад, ман сабаб дорам. Хонаи дугонааш аз ҷойи истиқомати мо ду километр дуртар аст ва барои ҳамин ризо нашудам, ки танҳо ба онҷо биравад. Гуфтам, ки шабона чигуна ба хона бармегардад? Ӯ духтари ҳанӯз мактабхон буд ва ба тамоми кору бораш мо ҷавобгар будем," – гуфт Чорӣ Қурбонов.

Мақомоти додситонии ноҳияи Ҷилликӯл мегӯянд, ки дар робита ба худкушии Райҳона Қурбонова парванда боз шуда, алакай волидонаш бозпурсӣ шудаанд. Вале мусоҳиби мо дар додситонии Ҷилликӯл гуфт, то анҷоми таҳқиқи қазия тафсилот дода наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Баротов, раиси ҷамоати деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Ҷилликӯл, ки маҳалли иқомати волидони Райҳона Қурбонова дар онҷо воқеъ аст, гуфт, тайи як соли охир ин севумин худкушии ҷавонони туркмантабори ноҳияи онҳост. Ӯ гуфт, баъд аз худкушии Райҳона Қурбонова нигарониҳо дар ин бора бештар шуда ва мақомот дар маҳаллҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барои ҷилавгирӣ аз худкушии ҷавонону наврасонро рӯи даст гирифтаанд.

Ба қавли Баротов, аз ҳоло раҳбарони маҳаллаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати рух додани худкушии наврасону ҷавонон онҳо низ ҷарима баста хоҳанд шуд.

Ин танҳо ҳолати худкушии як ҷавон дар Тоҷикистон барои даст ёфтан ба орзу ё хостҳояш нест. Равоншинсоон мегӯянд, ки агар аз як сӯ ҷавонон таҳаммул дар баробари ҳамагуна мушкилро аз даст дода бошанд, аз сӯи дигар барои расидан ба хостҳояшон аз мавридҳои таҳдид ба худкушӣ кор мегиранд, ки дар баъзе ҳолат бо марги худи онҳо меанҷомад.

Як духтари ҷавон ҳам, ки барои расидан ба дӯстдоштааш дар болои хоми хонаашон қасди худовезӣ кардааст, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар он ҳолат танҳо бо ёрии наздиконаш аз марг наҷот ёфтааст. "Хостам, аз ин тариқ дарди диламро баён кунам, вале нафаҳмидам, ки агар касе доду фарёди маро нашунавад, он вақт чӣ хоҳад шуд? Таҳдиди худкушӣ танҳо василаи расидан ба дӯстдоштаам буд, вале роҳи дуруст набуд," – афзуд ӯ.

Мақомоти ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар ин ноҳия бештар аз 30 ҳазор сокини туркмантабор ба сар мебаранд. Туркманҳои ноҳияи Ҷилликӯл тақрибан 400 сол қабл аз ватани бобоии худ ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда, ҳоло дар ҷануби кишвар ба боғдорию қолибофӣ ва нигаҳдории анъанаҳои миллии худ машғул ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG