Пайвандҳои дастрасӣ

Кристи аз номзадии Трамп ҷонибдорӣ мекунад


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Крис Кристи-волии аёлати Нию Ҷерсии Амрико изҳор дошт, ки дар муборизаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократ аз номзадии Доналд Трамп ҷонибдорӣ мекунад. Кристӣ машҳуртарин сиёсатмадори Амрико мебошад, ки ҷонибдории худро аз Трамп эълон кард.

Кристи дар як нишасти матбуотии муштарак Трампро дӯсти худ хонд ва гуфт, ки Трамп дар миёни номзадҳои ҷумҳурихоҳ беҳтарин имконро дорад, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пируз шавад.

Крис Кристӣ низ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ худро номзад пешбарӣ карда буд, вале номзадии худро фаро хонд, чун дар чанд даври интихоботи муқаддамотӣ райи хеле кам ба даст овард.

XS
SM
MD
LG