Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба занони варзишгари худ машварат додааст, ки агар ҳомила бошанд, дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио де Женейрои Бразилия ширкат накунанд, зеро дар ин кишвар вируси Зика густариш ёфтааст ва он ба саломатии кӯдаки батни онҳо зарар дорад.

Ин машварати Амрико ҳам ба бозиҳои олимпии моҳи август ва ҳам ба бозиҳои олимпии маълулон дар моҳи сентябр дахл дорад. Ин ҳушдор аз тарафи Маркази назарат бар бемориҳои Амрико дар ҳоле нашр шуд, ки дар вуҷуди 9 зани ҳомилаи амрикоӣвируси Зика ошкор шудааст.

Аз ин 9 зан ду нафар фарзанди солим ба дунё овардаанд. Ду нафар ҳанӯз таваллуд накардаанд, Ду нафар сиқти ҷанин кардаанд ва кӯдакони се нафари дигар осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG