Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони филми “Юсуф Паёмбар” даргузашт


Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр
Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр

Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, коргардони шинохтаи Эрон ва таҳиягари филми “Юсуф Паёмбар”, ки дар Тоҷикистон ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор буд, даргузаштааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ 63 сол дошт ва солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Силаҳшӯр дар соли 2009 ба Тоҷикистон омада, дар маҳофили фарҳангии кишвар низ сӯҳбатҳо анҷом додааст. Филми сохтаи ӯ “Юсуф Паёмбар” аз пурфурӯштарин филм дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

“Юсуф Паёмбар” аз шаҳри Фадон, дар ҷануби кишвари Бобул оғоз мешавад ва саргузашти ҳазрати Юсуфро аз ҳангоми пеш аз таваллуд то миёнсолии ӯ, ки Азизи Миср мегардад, дар бар мегирад. Дар ин филм, ки кораш чаҳор сол тӯл кашидааст, бозигарони маъруфи эронӣ нақш офаридаанд.

Қаблан, “Исои Масеҳ”, “Иброҳими Халил”, “Асҳоби Каҳф” ва “Марями Муқаддас” ба навор гирифта шуда буданд, ки онҳо низ ба унвони филмҳои мазҳабӣ мавриди писанди сокинони Тоҷикистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG