Пайвандҳои дастрасӣ

ФИФА. Курсии Блаттер насиби Ҷанни Инфантино шуд


Рӯзи 26 феврал дар Женева президенти нави ФИФА – Федеросиюни ҷаҳонии футболро интихоб мекунанд. Ҷанни Инфантино, дабири кулли УЕФА, ба курсии холимондаи Зепп Блаттер нишаст.

ФИФА – Федеросиюни ҷаҳонии футбол – барои бори аввал аз соли 1998 соҳиби раҳбари ҷадид шуд. Рӯзи 26 феврал дар анҷумани ин ниҳоди нозири футболи ҷаҳонӣ дар Женеваи Швейтсария президенти нави ФИФА Ҷанни Инфантино, дабири кулли, инак, собиқи УЕФА интихоб шуд. Барои ин мақом, ки баъди барканории Зепп Блаттер дар соли гузашта холӣ монда буд, 5 номзад мубориза бурданд.

Дар интихоботи президенти ФИФА намояндагони 207 кишвар аз 209 кишвари узваш иштирок карданд. Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 26 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон низ барои ширкат дар интихоботи президенти ФИФА ба Женева рафтааст.

Блаттер соли 2015 дар пайи моҷарои давомдори марбут ба фасоди густарда дар ФИФА билохира баъди 17 соли раҳбарӣ ба футболи ҷаҳонӣ канор рафт. Аммо ин моҷарои фасод Мишел Платини – президенти УЕФА – Иттиҳодияи футболи Аврупо – ва як довталаби аслии курсии Блатерро низ аз сабқат берун кард. Ӯ ба он айбдор шуд, ки дар соли 2011 аз ФИФА ба таври машкук 2 миллион франки швейтсарӣх дарёфт кардааст. Блаттер ва Платини ба далели даст доштанашон дар фасод ибтидо барои 8 сол аз ҳар навъ фаъолият дар риштаи футбол маҳрум карда шуданд. Дар оғози ин ҳафта додгоҳи ҳакамӣ ҳукми онҳоро то 6 сол пойин овард, вале ҳарду бо ин доғи фасод имкони мубориза барои президентии ФИФА-ро аз даст доданд.

Дар анҷумани рӯзи 26 феврали ФИФА дар Женева 5 номзад барои курсии президенти ФИФА сабти ном шуданд – дабири кулли УЕФА Ҷанни Инфантино, президенти Конфедеросиюни футболи Осиё Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, шоҳзодаи Урдун Алӣ Ал-Ҳусейн, собиқ дабири кулли ФИФа Жером Шампан, ки аз афроди наздик ба Зепп Блаттер маҳсуб мешавад, ва Токио Сексвале аз Африқои ҷанубӣ, ки то ҳол рабте ба идораи футбол надошт.

Мубориза асосӣ барои курсии президенти ФИФА байни Шайх Салмон Ал-халифа ва Ҷанни Инфантино сурат гирифт ва пирӯзӣ насиби дувумӣ шуд.

Дар пешорӯи интихоботи президенти ФИФА Конфедеросиюни футболи Осиё бо Иттиҳодияи футболи Африқо созишномаи густардаи ҳамкорие ба имзо расонд, ки бар асоси он, ҷониби Осиё барои рушди футболи Африқо, аз ҷумла барои сохтани варзишгоҳҳо дар он қора ваъдаи сармоягузориҳои бузург кардааст. Мунтақидон ин созишномаро як навъ талоши “харидан”-и овозҳои Африқо аз сӯи Ал-Халифа, ки раҳбари Кондеферосиюни футболи Осиёст маънидод карданд, вале кумиссиюни ахлоқии ФИФА гуфт, ки дар ин қарордод ягон мавриди машкуку фасодомезро наёфтааст.

Як чизи муҳим ин аст, ки интихоботи рӯзи 26 феврал ба даврони Зепп Блатерр, ки 17 сол бар ФИФА раёсат кард, нуқтаи таммат гузошт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG