Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши буҷаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия


Русия эълон кард, буҷаи баргузории мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки соли 2018 баргузор хоҳад шуд, кам мекунад.

Як моҳ пеш ҳукумати ин кишвар гуфта буд, ки буҷаи ин чорабинӣ кам нахоҳад шуд.

Фармони нав дар ин бора дар сомонаи ҳукумат нашр шудааст. Буҷа дар ҳаҷми 80 миллион доллар кам мешавад. Русия аз баҳри сохтани маркази пахши намоишҳои футбол гузаштааст.

Коҳиши буҷаи мусобиқаи футбол далели дигарест, ки буҳрони иқтисодӣ ва таваррум ба иқтисоди Русия таъсир расонидааст. Тавре намояндаи кумитаи тадорукоти мусобиқа хабар дод, сарфи назар кардани сохтмони маркази пахш нақшаи пахши футболро тағйир нахоҳад дод. Ба гуфтаи ин намоянда, сохтмони иншооти дигар идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG