Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ ба хабарнигор ҷазои кӯчарӯбиро раво медонад


Муҳокимаи хабарнигори сомонаи мухолифи Nakanune.kz Юлия Козлова, ки ба нигаҳдории маводи мухаддир айбдор мешавад, ба марҳилаи суханронии ҷонибҳо гузашт.

Дар ҷаласаи додгоҳи ноҳияи Бостандиқи Алмаато тарафи айбдоркунӣ аз додгоҳ хост, ки Козлова ба 180 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум карда шавад.

Намояндаи додситонӣ гуфт, ки гуноҳи Юлия Козлова аз нигоҳи вай тасдиқ шуда, далеле барои сабуктар ё вазнинтар кардани ин айб вуҷуд надорад.

Айман Умарова, вакили дифои хабарнигор аз додгоҳ хост, ки ҳимоятшавандааш бегуноҳ эълон шавад, зеро ҷинояте содир накардааст. Вай хостори таҳқиқи такрории парванда шуд, зеро, аз нигоҳи ӯ, бояд амали пулис санҷида шавад. Эҳтимол меравад, маводи мухаддирро ба хонаи у кормандони пулис партофта бошанд.

Умарова гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқот вайронкунии сершумори қонунгузорӣ ҷой дошта, тақаллубкорӣ низ сурат гирифтааст. Юлия Козлова аз ин иддаои вакилаш пуштибонӣ кард.

Интизор меравад, ҳукми додгоҳ аз рӯи парвандаи Юлия Козлова рӯзи душанбеи 29 феврал эълон шавад.

Юлия Козлова дар нигаҳ доштани ғайритиҷоратии маводи мухаддир айбдор дониста мешавад. Ин айбнома пас аз натиҷаи кофтукоби манзилаш эълон шуда буд. Кофтукоби манзилаш дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи нашри матлабҳои гӯиё фармоишӣ дар сомонаи Nakanune.kz сурат гирифт. Дар ин парвандаи гӯиё матлабҳои фармоишӣ дар бораи Казкоммертсбонк сардабири сомонаи мухолиф Ғизол Байдалинова низ қарор дорад. Вай моҳи декабри соли гузашта боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG