Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амнияти СММ имрӯз тарҳи қатъномаи омодакардаи ИМА ва Русияро дар бораи даргирии Сурия ба овоздиҳӣ мегузорад.

Дар ин ҳуҷҷат аз ҷонибҳои даргир талаб шудааст, ки аз нимашаби 27 феврал (соати яки шаб ба вақти Москва) амалиёти низомиро қатъ кунанд. Дар ин тарҳ ҳамчунин тасдиқ шудааст, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва гурӯҳҳои мухолифон ба иҷрои талаботи оташбас ризоият додаанд.

Рӯзи шанбеи гузашта котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, вай якҷо бо ҳамтои русаш, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров созиши муқаддамотии оташбаси Сурияро ба даст овардаанд.

12 феврал дар музокироти ҳалли қазияи Сурия бо ширкати Лавров ва Керрӣ дар Мюнхен қарордоди қатъи амалиёти низомӣ имзо шуд. Ҳарчанд бино бар он оташбас мебоист на дертар аз 19 феврал сар мешуд, заимони иҷрои он ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG