Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷойи Туркияро мегирад?


Ҳамоиши иқтисодӣ дар Қароққум. 26 феврали 2016
Ҳамоиши иқтисодӣ дар Қароққум. 26 феврали 2016

Соҳибкорони тоҷику рус дар як ҳамоиш роҳҳои чигуна афзоиш додани содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистонро баррасӣ карданд. Ин ҳамоиш рӯзи 26 феврал дар шаҳри Қароққум баргузор шуд ва дар кори он раҳбарони сӣ ширкати харидор ва содиркунандаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ҳузур доранд.

Бархе аз иштирокдорони ҳамоиш гуфтанд, ки дар пайи ба сардӣ гароидани муносиботи Русия ва Туркия, Маскав ният дорад, ки интиқоли меваю сабзавотро аз Тоҷикистон афзоиш диҳад. Михаил Кораблин, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ гуфт, Туркия ҳудуди даҳ дарсади меваю сабзавоти мавриди ниёзи Русияро ба ин кишвар ворид мекард, вале дар пайи сард шудани муносибати байни ин кишварҳо интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз он кишвар ба Русия то ҳадди ақалл коҳиш ёфтааст.

Кораблин афзуд, “меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия писандида аст ва харидор дорад, зеро табиӣ аст ва генаш тағйирдода нест. Бидуни истифодаи заҳрдоруҳо парвариш мешавад, таъму маззаи хуб дорад. Танҳо мушкил нигаҳдории хуб аст, ки фикр мекунам, илоҷашро хоҳем ёфт.”

Русия ва дар канори он Қазоқистон аз замони Шӯравӣ кишварҳои аслии воридкунанда ва харидори меваҳои тару хушк ва сабзавоти Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Аммо солҳои охир Русия бо баҳонаҳои хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ва бидуни кашфи ангезандаи ин беморӣ дар меваҳои хушки ин кишвар борҳо воридоти меваҳои хушку тар аз Тоҷикистон ба қаламравашро манъ карда, ба ҷайби соҳибкорони тоҷик зарба зада буд.

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд, ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши рӯзи 26 феврал гуфт, солҳои охир соҳибкорони тоҷик барои содироти меваю сабзавоти кишвар дар Чину ҳавзаи Халиҷи Форс барои худ ҷойи по дуруст мекарданд. “Вале дар ҳама ҳолат Тоҷикистон хоҳони густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт бо шарикони анъанавиаш, ба хусус Русияву Қазоқистон аст,” -- афзуд ӯ.

Ба Анвар Яъқубӣ, дар соли 2015 бо вуҷуди сармозании гули дарахтони мева ва талаф ёфтани қисми зиёди мева дар вилояти Суғд аз ин минтақа ба Русия 170 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла ҳудуди 70 тонна меваи хушк содирот шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон низ таъкид кард, ки кишвар содироти меваю сабзавот ба Русияро то се баробар афзоиш бидиҳад.

XS
SM
MD
LG