Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон нахустин McDonald's боз мешавад


Дар шаҳри Маскав нахустин тарабхонаи McDonald соли 1990 боз шудааст

Дар шаҳри Маскав нахустин тарабхонаи McDonald соли 1990 боз шудааст

Нахустин ресторани ғизои зудпухти амрикоии McDonald's дар қаламрави Осиёи Марказӣ рӯзи 8 март дар Қазоқистон дарҳояшро ба рӯи муштариён боз хоҳад кард. Ғайрат Боронбоев, соҳибкоре, ки ҳақи ифтитоҳи ин шабакаро харидааст, дар бораи боз шудани ресторани аввалин дар маркази пойтахт, шаҳри Остона дар як нишасти хабариаш дар Маскав хабар дод. Боронбоев гуфт, ки ҳар як ресторани McDonald's барои 206 муштарӣ пешбинӣ шуда, барои беш аз 200 нафар ҷои кор боз мекунад. Духтари Боронбоев келини набераи президент Нурсултон Назарбоев мебошад. Ин соҳибкор гуфтааст, ки барои бунёди ресторани амрикоӣ 3,5 миллион долларро харҷ кардааст. То соли 2019 дар саросари Қазоқистон қарор аст 15 ресторани McDonald's ба фаъолият пардозад. Ресторани навбатӣ 1 июл дар шаҳри Алматӣ боз мешавад.

XS
SM
MD
LG