Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон гурӯҳи «равонаи Сурия» боздошт шуд


Дар шаҳри Актобеи Қазоқистон даҳ шаҳрванде боздошт шуданд, ки эҳтимолан мехостанд барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия сафар кунанд.

Ба иттилои бахши қазоқии радиои Озодӣ, дар Қазоқистон гурӯҳе боздошт шуд, ки мехост барои ҷанг ба Сурия равад.

Рӯзи чаҳоршанбе додситонии вилояти Актобе хабар дод, ки гурӯҳи иборат аз 11 нафар 19 феврал боздошт шуда буд.

«Ҳамаи онҳо мехостанд барои ширкат дар даргирии мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафар кунанд», - гуфта шудааст дар хабари додситонии вилоятӣ. Дар ин хабар ҳамчунин аз замони оғози то додгоҳии ин таҳқиқот хабар дода мешавад.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, теъдоди шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳҳои ифротии Сурия ва Ироқ сафар кардаанд, ба 400 нафар расидааст. Ба иттилои Маркази зиддитеррористии ИМА, теъдоди шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки қисме аз қаламрави Ироқ ва Сурияро тасарруф кардааст, пайвастаанд, ба ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG