Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимпайкараи Амакиев бо либоси генералӣ


Аз нимпайкараи Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон пардабардорӣ шудааст. Мақомоти ин ноҳия мегӯянд, ин маросим рӯзи 25 феврал бо ҳузури нахуствазир Қоҳир Расулзода сурат гирифтааст.

Полковник Амакиев моҳи сентябри соли гузашта дар амалиёти боздошти гурӯҳи муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит кушта шуд. Ин нимпайкара дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ гузошта шуда, Амакиев бо либоси генерал-майор тасвир ёфтааст.

Рустам Амакиев, полковники 41-сола, шоми 15 сентябри соли гузашта кушта шуд ва баъд аз як ҳафтаи он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пас аз марг рутбаи генерал-майор дод ва дараҷаи аввали ордени Спитаменро эъто кард. Орден ба пайвандони Рустам Амакиев супурда шуд. Ҳамчунин, ҳукумат ба ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғи ӯ дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ ҳадя кард.

XS
SM
MD
LG