Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон як китоберо, ки бо ҳимояти Созмони Милал чоп шуда, роҳҳои дебат ё мубоҳисаро ба ҷавонон меомӯзонад, "зараровар" хонда, дар ин замина парванда боз кардааст.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон китоби "Дастур барои мубоҳисот" (Руководство по дебатам)-ро, ки бо ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид дар се соли пеш чоп шудааст, барои ҷавонон "зараровар" хонда ва муаллифонашро дар содир кардани ҷинояти вазнин муттаҳам намудааст. Бино ба иттилои бахши узбакии Озодӣ, бархе аз "мутахассисон"-и Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтаанд, ки дар ин дастур "нишонаҳои таҳрик барои сарнагунии низоми феълӣ"-ро ошкор кардаанд.

Ҳоло Додситонии кулли Узбакистион якҷоя бо Хадамоти амнияти миллии он кишвар дар иртибот ба чоп ва паҳн кардани ин дастур бо айбномаҳои "Таҳдид ба низоми конститутсионӣ", "Терроризм" ва "Таҳия ё паҳн кардани маводи дорои таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Намояндаи Додстонии кулл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ба далели махфӣ будани ҷараёни тафтишот наметавонад дар ин замина ибрози назар кунад.

Аммо як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Озодӣ гуфт, ки китоби "Дастур барои мубоҳисот" аз мактабу муассисоти дигари таълимии Узбакистон барчида шуда ва ба коми оташ супурда шудааст.

Муаллифони дастур Элени Дурас, Дилфуза Куралова ва раҳбари ин тарҳ Баҳодур Аюбов зуд-зуд барои бозпурсӣ ба Додситонии кулл ва Хадамоти амнияти миллии Узбакистон даъват мешаванд. Муаллифон дар суҳбат бо Озодӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд.

Ба номаи расмии Озодӣ ба намояндагии СММ дар Узбакистон (Тарҳи Барномаи Рушди СММ ва Довталабони СММ "Навоварии Иҷтимоӣ ва Довталабӣ дар Узбакистон) низ то ҳол посух нарасидааст.

Муҳаққиқи узбак ва раиси пешини намояндагии Бунёди Сорос дар Тошканд Алишер Илҳомов, ки ҳоло дар Лондон зиндагӣ дорад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз тариқи пешгирӣ аз мубоҳисот дар мактаб давлати Узбакистон дар роҳи демократия дар кишвар монеа эҷод мекунад.

Вай гуфт, "ҳадафи ин дастур тарбия ва таълими ҷавонон аст. Яъне, роҳу равиши рушди онҳо ва ташаккули нуқтаи назари онҳоро омӯзиш медиҳад. Дар китоб арзёбии вазъияти мушаххаси сиёсӣ таълим дода намешавад. Дар маҷмӯъ, дар он дар мавриди Узбакистон ишорае нест. Дар китоб роҳҳои мубоҳисот, ки хоси кишварҳои демократӣ аст, нишон дода шудааст. Зеро дар ҷараёни мубоҳиса ҳақиқат пайдо мешавад".

Таъқиби муаллифони китоб дар Узбакистон ҳодисаи тозаа нест. Дар соли 2009 дар Узбакистон фаъоли ҷамъиятӣ Максим Попов барои дастури "ВИЧ ва СПИД дар имрӯз", ки бо мусоидати созмони байналмилалии ЮНИСЕФ чоп шуда буд, ба муддати 7 сол равонаи зиндон шуд. Мақомоти Узбакистон истифодаи ғилофак ба ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ва сӯзанҳои тоза барои мубталоёни маводи мухаддирро "даъват барои тарзи носолими зиндагӣ" арзёбӣ карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG