Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: "Шиканҷа дар Ӯзбекистон фарогир аст"


Созмони байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз бадшавии вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон дар соли гузашта хабар дод.

Дар гузориши навбатии ҳамасолаи ин созмон гуфта шудааст, ки аз шиканҷа ва бадрафторӣ дар Ӯзбекистон ҳамчунон ба таври васеъ истифода мешавад.

Ҳамчунин дар гузориш гуфта шудааст, ки “додгоҳҳо маъмулан ба баёноте такя мекунанд, ки бо истифода аз шиканҷа, фишор ва фиреб гирифта шудаанд. Муҳлати ҳабси маҳкумшудагони ҷиноятҳои зидди давлат ва терроризм худсарона зиёд карда мешавад”.

Муаллифони гузориш ба он таваҷҷӯҳ мекунанд, ки дар моҳи марти соли гузашта президент Ислом Каримов бори чаҳоруми пайдарпай дар интихоботе пирӯз шуд, ки дар он рақобати воқеии сиёсӣ вуҷуд надошт.

Ба мушоҳидаи коршиносони ин созмон, дар як соли ахир дар Ӯзбекистон истибдод ва фишори давлатӣ бар зидди ифротгароҳои эҳтимолӣ, махсусан аз миёни онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд тақвият ёфтааст. Бештаре аз онҳо ҳатто тасаввуре ҳам надоштанд, ки ба Сурия барои ҷанг дар сафи “Давлати исломӣ” сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG