Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон хабар доданд, ки дар кишвар 10 825 номзад ба вакилӣ дар маҷлисҳои сатҳи гуногун сабти ном шуданд.

Ба иттилои КМИ, ба ҳисоби миёна барои як курсии вакилии маҷлиси маслиҳат се нафар бо ҳам сабқат хоҳанд кард.

КМИ хабар додааст, ки аз номзадҳои сабтшуда 1 592 нафар ба маҷлисҳои маслиҳатии вилоятӣ, 121 нафар ба маслиҳат ё шӯрои Остона, 130 нафар ба маслиҳати шаҳри Алмаато барои интихоб шудан талош мекунанд. 6 862 номзад барои интихоб шудан ба курсии вакилӣ дар маслиҳатҳои ноҳиявӣ ва 2 120 нафар ба унвони номзади маслиҳатҳои шаҳрӣ номзад шудаанд.

Бино бар омори КМИ, 3 407 номзади сабтшударо ҳизбҳои сиёсӣ, 17 нафарро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбарӣ карда, 7 401 худ номзадиашонро пешниҳод кардаанд

Аз имрӯз ҳамаи номзадҳои сабтшуда ба маҷлисҳои маслиҳатӣ ба маъракаи таблиғотӣ шурӯъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG