Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футбол озмуни мухлисонро эълон кард


Федератсия футбол аз оғози озмуни нави видеоӣ барои мухлисон ба манзури ҳимояти тими мунтахаби Қирғизистон эълон кард.

Дар ин бора аз маркази матбуотии федератсия хабар доданд.

Ба иттилои ин марказ, аз 10 маводи беҳтарин навори видеоие таҳия мешавад, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда, дар Интернет ва сомонаҳову саҳифаҳои расмии Федератсияи футбол нашр мешавад.

Дар маркази матбуотӣ афзуданд, ки ҳамаи хоҳишмандони ширкат дар ин озмун бояд навори хуби видеоӣ ба забонҳои қирғизӣ, русӣ ё англисиро дар ҳаҷми на бештар 1 дақиқа фиристанд. Ин видео набояд то анҷоми озмун ва эълони ғолибон дар ҳеҷ ҷое нашр шуда бошад. Озмун то 21 марти соли 2016 идома меёбад.

XS
SM
MD
LG