Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Бишкек Кохи Фарҳанг боз мекунанд


Алмосбек Атамбоев
Алмосбек Атамбоев

25 феврал Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон қонунеро, ки пештар порламони ин кишвар ба тасвиб расонда буд, имзо кард. Ин қонун гушоиши Кохи илму фарҳанги Қирғизистон дар Маскав ва гушоиши чунин кохи Русия дар Бишкекро пешбинӣ мекунад.

Сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, ин қонун аз рӯзи чоп дар матбуоти расмии кишвар эътибор пайдо мекунад.

Порламони Қирғизистон ин қонунро 20 январ ба тасвиб расонда буд. Ба ҷонибдорӣ аз он 95 нафар рай доданд ва танҳо 3 нафар аз ин қонун ҷонибдорӣ накарданд.

Дар қонун гуфта мешавад, ки ин ду кишвар барои сохтмони Кохи илму фарҳанг бояд ба якдигар дар Маскав ва дар Бишкек замин ҷудо кунанд. Ин марказҳои фарҳангӣ метавонанд дар шаҳрҳои дигари ин кишварҳо низ бахшҳои худро боз кунанд.

Дар ин қонун ҳадафи аслии ин марказҳо иҷрои барномаҳои ҳамкории илмиву фарҳангӣ ва амсоли он арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG