Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Чин: Баҳси маркази зидди терроризм


 Рамазон Раҳимзода ва Го Шенкун

Рамазон Раҳимзода ва Го Шенкун

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин мавзӯъи таъсиси Маркази муштараки алайҳи терроризм дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Маҳбуба Гул, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал дар ҷараёни дидори Рамазон Раҳимзода ва Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин дар шаҳри Пекин, масъалаҳои таъмини бехатарии корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон ва расонидани кӯмак барои сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди террроризм, бунёдгароӣ, ҷудоихоҳӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG