Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси Зика ба ҷумҳурии Чех омадааст


25 феврал мақомоти беҳдоштии ҷумҳурии Чех эълон карданд, ки дар ин кишвар нахустин мавриди бемории вируси Зика мушоҳида шудааст.

То ҳол маълум нест, ки мардуми ин ҷумҳурӣ дар куҷо бо ин вирус сироят шудаанд ё шояд онҳо ба Бразилия сафар кардаанд, ба кишваре, ки ин вирус дар он ҷо пайдо шудааст.

Мақомоти беҳдоштии ҷумҳури Чех мегӯянд, ки онҳо ҷузъиёти бештарро дар бораи ин вирус нашр мекунанд. 1 феврал Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси Зикаро хатари беҳдоштии байналмиллалӣ эълон кард.

Дар Бразилия гузориш додаанд, ки ҳазорон нафар кӯдак дар батни модар бо Зика олуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG