Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 24 феврал шабакаи иҷтимоии Facebook воситаҳои наверо ба кор андохт, ки эҳсосоти корбарони онро ба намоиш мегузоранд.

Панҷ разми наве дар Facebook акнун ба корабарон имкон медиҳанд, на танҳо писанд омадани матлаб, балки муҳаббат, ханда, ҳайрат, таассуф ё хашми худро изҳор доранд.

Ба иттилои сомонаи Wired, эҷоди ин василаҳо зери унвони "Вокунишҳо дар Facebook- тақрибан як сол пеш сар шуда буд. Баҳси бештар сари он ҷараён гирифт, ки оё тугмаи "Нописанд" ҷорӣ гардад ё не. Дар ниҳояти амр тасмим гирифта шуд, навъҳои гуногуни эҳсосоти инсон дар шакли ин рамзҳо сохта шавад.

Пайдо шудани ин рамзҳоро бунёдгузори Facebook Марк Цукерберг эълом дошт ва гуфт, сар аз имрӯз онҳо арои ҳамаи корбарони шабакаи иҷтимоӣ дастрас хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG