Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сейтқазӣ Матаев ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд


Дар Алмаато ҷаласаи додгоҳи №2 ноҳияи Медеу баргузор шуд, ки дар он шеваи бархӯрд ба раиси Иттиҳоди хабарнигорони Қазоқистон, раҳбари Маркази миллии матбуот Сейтқазӣ Матаев муайян карда шуд.

Тафтишот пешниҳод кард, ки Матаев ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад ва додситонӣ низ аз ин пешниҳод ҳимоят кард. Ҷониби ҳимоя хост, ки Матаев бо пардохти гаравпулӣ озод карда шавад.

Худи гумонбар Сейтқазӣ Матаев гуфт, ки аз тарафи бозрасон ба вай фишор оварда нашудааст ва ӯ омодааст бегуноҳии худро исбот кунад.

Сейтқазӣ Матаев 22 феврал аз сӯйи маъмурони раёсати миллии мубориза бо фасодкорӣ дар шаҳри Алмаато бо гумони дуздии мабалағҳои буҷа ва сарпечӣ аз пардохти андозҳо боздошт шуд. Ҳамроҳи вай писараш Асет Матаев, ки мудири кулли хабаргузории КазТАГ мебошад, низ боздошт шуд. Худи ҳамон рӯз вай баъд аз бозпурсӣ озод, аммо Сейтқазӣ Матаев ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд.

Матаевҳо ин айбҳоро рад карда, қазия дар атрофи худро ҳамчун фишор ба иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо унвон мекунанд.

Ба ҳимоят аз Сейтқазӣ Матаев барои муроҷиат ба додситонии кулл ҷамъоварии имзо сурат гирифт. Ба иттилои хабаргузории КазТАГ, зери ин муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузоштаанд. Раҳбари ПЕН-клуб Бигелдӣ Габдулин ва раиси созмони ҳимояти расонаҳои “Адил соз” Тамара Калеева ба пуштибонӣ аз Сейтқазӣ Матаев муроҷиатнома ба номи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро нашр карданд.

Пештар созмони байналмилалии “Кумитаи ҳимояти хабарнигорон” (CPJ) аз боздоштти Сейтқазӣ Матаев изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG