Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ба ВКХ Русия нота фиристод ба нишони эътироз аз созишномаи фурӯши аслиҳа ба Арманистон дар ҳаҷми 200 миллион доллари амрикоӣ нота фиристод.

Дар ин бора раиси дафтари матбуоти ВКХ Озарбойҷон Ҳикмат Гаджиев хаар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар номаи эътирозӣ гуфта мешавад, ки Озарбойҷон чандин бор ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ фактҳои раднашавандаеро расондааст, ки силоҳ ва техникаи нави ҳарби Арманистон дар мантиқи ишғолии Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир карда мешаванд.

"Ба Арманистон дода шудани техникаи ҷангӣ, аз ҷумла аслиҳаи таҳоҷумӣ а ҳалли низоъ мусоидат намекунад," -- мегӯяд ба нақл аз номаи эътирозӣ Ҳикмат Гаджиев.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG