Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба оташбаси Сурия хушбинии эҳтиёткорона дорад


Шӯрои олии музокирот, ки нерӯи асосии мухолифони Сурия мебошад, шоми дирӯз эълом дошт, ки созиши оташбасро қабул дорад.

Президенти ИМА Барак Обама оташбас дар Сурия ба таври мулоҳизакорона истиқбол кард. Рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар назди хабарнигорон дар Вашингтон Обама гуфт, агар ягон пешравие намудор шавад, ин кор ба оғози раванди сиёсӣ мусоидат мекунад, ки дар ниҳоят ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар ин кишварро хотима медиҳад.

Ҳамаи ҷонибҳои ин даргирӣ вазифадоранд то нимарӯзи ҷумъа муносибати худ ба шароити пешниҳодшудаи оташбас, ки аз тарафи Русия ва ИМА таҳия шудаанд, муайян кунанд. Дар сурати ризоият, ҷонибҳо бояд аз нимашаби шанбеи 27 феврал оташбасро шурӯъ кунанд.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров хабар дод, рӯзи панҷшанбе шароити оташбас дар Сурияро гурӯҳҳои кории ду кишвар баррасӣ мекунанд. Котиби давлатӣ бори дигар таъкид кард, таъхир дар ин кор метавонад дар ниҳоят сабаби аз даст додани имкони ҳалли сиёсии даргирӣ шавад. Ҷон Керрӣ ин саволро матраҳ кард, ки оё Русия ва Эрон минбаъд метавонанд барои интиқоли қонунии ҳокимият дар Сурия “софдилона” ва пайгирона талош кунанд.

Дар ҳамин ҳол намояндаи вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков хабар дод, ки дар ду шабонарӯзи ахир ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар қариб ба дусад ҳадаф дар панҷ вилояти Сурия зарба задааанд. Вай афзудааст, ки “шиддати зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст”.

XS
SM
MD
LG