Пайвандҳои дастрасӣ

Балкан назорати марзҳояшро тақвият мебахшад


Австрия ва кишварҳои ҳамсояаш дар Балкан ба тавофуқ расиданд, ки назорат бар марзҳоро шадидтар кунанд. Онҳо ҳушдор дорданд, ки саранҷом бояд марзҳояшонро комилан бибанданд.

24 феврал вазирон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо Австрияву Словения ва Хорватияву Булғористон ба вазирони кишварҳои Балкан, яъне Албанияву Босния, Косово, Македония, Монтенегро ва Сербистон ҳамроҳ шуданд ва эъломияе ба нашр расонданд.

Дар ин эъломия омадааст: “Имкон надорад, ки шумораи номаҳдуди муҳоҷиронро бипазирем ва ба онҳо паноҳандагӣ диҳем”.Барои таъмини амнияти дохилӣ ва ҳамфикрии иҷтимоӣ бояд маҳдудият ҷорӣ кард. Дар банди 19 ин эъломия навишта шудааст: “Раванди муҳоҷират ба сӯи Балкани Ғарбӣ бояд хеле коҳиш ёбад”.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки меъёрҳои маъмулии сабти ном ва муқаррароти вуруд ба онҳое пешниҳод шавад, ки воқеан ба паноҳандагӣ ниёз доранд. Санад аз ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хостааст, то ба онҳое, ки ба меъёрҳои паноҳандагӣ ҷавоб дода наметавонанд, иҷозаи вуруд дода нашавад.

XS
SM
MD
LG