Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ду мақоми ҳарбии Чину Покистон ба Душанбе


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар аввалҳои ҳафтаи оянда мақомоти вазоратҳои дифои Чину Покистон вориди шаҳри Душанбе хоҳанд шуд. ​

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, низ рӯзи панҷшанбеи 25 феврал ба Озодӣ гуфт, тибқи нақша рӯзҳои якшанбею душанбе генерал-полковник Фан Фенхоэй, сардори Ситоди Артиши миллии озодибахши Чин ва рӯзҳои душанбею чоршанбе генерал Раҳил Шариф, сардори Ситоди Артиши Покистон бо дидори расмӣ вориди Душанбе шуда ва бо генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунанд.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар назар аст, дар ин мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию техникӣ, муборизаи муштарак алайҳи терроризму бунёдгароӣ ва табодули иттилоот баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG