Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони се маҳаллаи маркази Душанберо мекӯчонанд


Хонаи сокинони се маҳаллаи маркази Душанбе кӯчонда мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Бар асоси нақшаи генералӣ ё умумии Душанбе сокинони се кӯча ва маҳаллаи маркази пойтахт, аз ҷумла маҳаллаи Сари Осиё, ба ҷои дигар кӯчонда мешаванд.

Бар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе хонаҳои сокинони кӯчаи Умари Хайём ва маҳаллаҳои Сари Осиё ва Зайнаббибии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тахриб ва соҳибонаш бояд ба ҷойҳои дигар кӯч дода шаванд. Ҳоло соҳибони ин хонаҳо бо фиристодани як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори мутаваққиф шудани ин раванд шудаанд.

Мавзӯи кӯч додани сокинони ин маҳаллаҳо ҳанӯз дар соли 2011 матраҳ шуда ва мақомот сокинонро огоҳ карда буданд, ки аз бунёди манзил ё таъмири хонаҳояшон худдорӣ кунанд.

Барои сокинон се пешниҳод ироа шудааст. Онҳо метавонанд, ки манзили худро ба давлат бо арзиши бозорӣ бифурӯшанд ва дар бинои бисёрошёна дар ин ноҳия соҳиби манзил шаванд ё барои бунёди манзили нав қитъаи замин бигиранд. Аммо, ба гуфтаи сокинон, мақомот бо баҳонаи бӯҳрони молӣ аз пешниҳоди худ сарфи назар кардаанд. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар қитъаи замин барои худ манзили нав бисозанд.

Ҷумъагул, сокини маҳаллаи Сари Осиёи Душанбе мегӯяд, майдони манзили ӯ 228 метри мураббаъ буда ва ду соле қабл бо сарфи маблағи зиёд таъмири умумӣ карда буд. Ҳоло мақомот ба ивази ин хона ба ӯ қитъаи 3-сотихиро дар минтақаи шарқии атрофи Душанбе пешниҳод кардаанд.

Ӯ мегӯяд: "Агар метрҳои мураббаи манзили маро ҳисоб кунед, бояд ба ман хонаи сеутоқа диҳанд. Аммо ба ман қитъаи 3 сотихро пешниҳод мекунанд".

Якҷоя бо Ҷумъагул ҳудуди 600 хонаводаи дигар, ки бештарашон серфарзанд ҳастанд, бояд кӯч дода шаванд. Онҳо беш аз ним аср дар ин маҳалла зиндагӣ карда ва бо ҳам хешу табор шудаанд. Аз ин лиҳоз онҳо намехоҳанд, ки аз ин ҷо кӯч банданд. Сокинон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи саркушода навишта ва қасд доранд, ки мақомоти шаҳрдориро ба додгоҳ бикашанд.

Нақшаи генералии рушди Душанбе соли 1983 таҳия шуда, таҳрири охиринаш дар соли 2006 тасвиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG