Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва шоҳ Салмон телефонӣ гуфтугӯ карданд


Путин ва шоҳ Салмон (акс аз бойгонӣ)
Путин ва шоҳ Салмон (акс аз бойгонӣ)

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 24 феврал бо малик Салмон –Шоҳи Арабистони Саъудӣ телефонӣ гуфтугӯ кардааст ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар оянда низ барои қатъи ҷанг дар Сурия тамосҳоро идома диҳанд.

Владимир Кожин-мушовири раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки ду раҳбар дар бораи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ низ гуфтугӯ кардаанд.

Дар эъломияи Кохи Сафед гуфта мешавад, ки Путин ҳамчунин дар бораи моҳияти созишномаи оташбас дар Сурия тавзеҳот додааст. Қарор аст ин оташбас 27 феврал оғоз ёбад.

Баъдтар Путин телефонӣ бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон низ дар бораи муноқишаи Сурия сӯҳбат кард.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки Амрико “Нақшаи В”-ро низ барои Сурия баррасӣ мекунад, агар Димишқу Маскав ба масъалаи оташбас ва музокирот дар бораи давраи гузор дар Сурия ба таври ҷиддӣ муносибат накунанд.

XS
SM
MD
LG