Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарори президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз 10 феврали соли ҷорӣ ба Қоидаи фурӯши воситаҳои нақлиёт ва моликияти ғайриманқул тағйирот ворид шудааст.

Акнун ҳангоми фурӯши моликияти ғайриманқули воқеъ дар пойтахт ё вилояти Тошканд, онро тавассути миёнарав ё бевосита танҳо нафаре метавонад харад, ки дар Тошканд ё вилояти Тошканд ба таври доимӣ сабти ном шуда бошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, сокинони кишвар наметавонанд барои худ дар Тошканд бе сабти ном манзил харидорӣ кунанд. Қонунгузорӣ муайян кардааст, ки сабти номи доимӣ дар Тошканд ба 12 намуди шаҳрвандон дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки чунин сабти номро надоранд, метавонанд дар пойтахт бо сабти номи муваққатӣ зиндагӣ кунанд. Дарёфти сабти номи муваққатӣ дар Тошканд дар охири соли гузашта қатъ карда шуд, ки ба баҳсҳои доғе дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб гашт. Дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ сабти номи муваққатӣ дар пойтахт аз сар гирифта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG