Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп пайопай севвумин пирузӣ ба даст овард


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Миллиардер Доналд Трамп дар интихоботи муқаддамотии дигар дар аёлати Невада пирузии навбатӣ ба даст овард. Ин севвумин пирузии пайопаи вай дар рақобатҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико ба шумор меравад.

Трамп бо 42 дарсад аз рақибони худ дар сафи хеле пеш қарор дорад. Чунин пирузиҳои вай дар маъракаҳои муқаддамотӣ зоҳиран имкони вайро барои номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи ноябр бештар мекунад.

Рақибони аслии вай сенатори Техас Тед Круз 25 дарсад ва сенатори Флорида Марко Рабио 21 дарсад рай гирифтанд. Мавзеъгириҳои Трамп бар зидди ҳукумати кунунии Амрико роҷеъ ба рӯйдодҳои ҷаҳон таваҷҷуҳро дар миёни муҳофизакорони Амрико бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG