Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: Мо аз нақшаҳои музокирот хабар надорем


Музокироти сулҳи Кобул
Музокироти сулҳи Кобул

Дафтари Толибон дар Қатар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамчунон исрор меварзад, ки нируҳои хориҷӣ ба раҳбарии нируҳои Амрико бояд Афғонистонро тарк кунанд. Дар он сурат онҳо ба музокироти рӯ ба рӯ бо намояндагони ҳукумат дар Кобул розӣ хоҳанд шуд.

Муҳаммад Наим-сухангӯи расмии намояндагии Толибон дар дафтари сиёсии Қатар дар ҳоле чунин изҳорот дод, ки намояндагони чаҳор кишвар талош доранд рӯзи музокироти рӯ ба рӯ бо Толибонро таъйин кунанд.

Интизор меравад, ки музокироти мустақим дар ҳафтаи аввали моҳи март дар Исломободи Покистон баргузор шавад. Ба ин гурӯҳи чаҳоргонаи музокирот намояндагони Афғонистону Покистон ва Чину Амрико дохил мешаванд.

Аммо Наим шоми 23 феврал гуфт, ки дафтари Толибон дар Қатар аз “барномаҳои музокирот хабар надорад” ва шарту шароити ширкати онҳо дар музокирот тағир наёфтааст.

Наим ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон дар музокироте ширкат мекунанд, ки ишғоли Афғонистон аз тарафи нируҳои хориҷиро хотима медиҳад ва ҳукумати исломиро сари кор меорад.

XS
SM
MD
LG