Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи боз 14 муҳоҷир аз вилояти Тула


Гусели як гурӯҳи муҳоҷирони ихроҷшуда. Акс аз бойгонӣ

Гусели як гурӯҳи муҳоҷирони ихроҷшуда. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 24 феврал аз вилояти Тулаи Русия 14 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Танҳо дар ду ҳафтаи охир аз ин вилоят алакай 44 муҳоҷири хориҷӣ ба далели нақзи қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия бо ҳукми додгоҳҳо ихроҷ шудаанд. 35 муҳоҷири дигарро аз Тула моҳи январ берун карда буданд. Хадамоти приставҳои Тула мегӯяд, аксари ихроҷшудаҳо аз Узбакистон ва Тоҷикистонанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, то 1 январ ба 331 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG