Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте падар ба писар мансаб медиҳад


Дар минтақаи Кӯлоб наздикони чор мансабдор, ки ба онҳо ҳисоботдиҳанда буданд, аз мақом барканор шудаанд. Мавридҳои додани вазифа ба хешовандон аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод ошкор шудааст.

Дар панҷ соли охир бори аввал Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мансабдоронеро ошкор кардааст, ки ба наздикони худ вазифа додаанд.

Нуриддин Боев, як масъули ин Оҷонсӣ, дар Кӯлоб гуфт, дар соли 2015 чаҳор чунин мансабдорро ошкор кардаанд, ки онҳо фарзандону ҳамсари худро дар вазифаҳои калидӣ таъин намудаанд. Ба қавли Боев, дар пайи ошкор шудани ин ҳолат наздикони чор мансабдор, ки ба онҳо ҳисоботдиҳанда буданд, аз мақом барканор шудаанд.

Ин масъули Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, Қадаммурод Каримов соли 2010 дар вазифаи сармуҳосиби кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шуда ва писараш Зафар Асоевро ба вазифаи муҳосиби молу ашёи ҳамин ниҳод таъин кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин Давлат Имомов, сардори раёсати молияи ноҳияи Ховалинг писари худ Иброҳим Имомовро ба вазифаи сармутахасиси шӯъбаи хазинадорӣ ба кор қабул кардааст. Дар мавриди дигар, Саймуртазо Самиев, сармуҳосиби филиали "Амонатбонк" дар ноҳияи Мӯъминобод бародараш Сайидакбар Раҳимовро ба вазифаи мутахассис оид ба корҳои бонкӣ қабул намудааст. Инчунин, Убайдулло Файзуллоев, сардори маркази ташхиси байтории шаҳру навоҳи Кӯлоб ҳамсараш Идигул Тешаеваро бо фармони худ мудири хоҷагӣ таъйин кардааст.

Ба гуфтаи Нуриддин Боев дар ҳамаи ин чаҳор ҳолат, афроди таъйиншуда ба сардорони худ ҳисоботдиҳанда буданд. Бинобар ҳамин, ба таъкиди ҷаноби Бобоев, онҳо пешниҳод карданд, ки афроди таъйиншуда, ки наздикони раҳбаронашон ба ҳисоб мерафтанд, аз вазифаҳо сабукдӯш шаванд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, афроде ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, ҳаққи таъини хешовандони худ ба вазифаҳои калидии ниҳоди зертобеи худро надоранд. Аммо ин қонун дар мавориди зиёд амалӣ намешавад ва бархе аз мансабдорон афроди наздики худро ба вазифаҳои калидӣ таъин мекунанд, ки дар назди худ ҳисоботдиҳанда ҳастанд.

Аммо Убайдулло Файзулоев, сардори маркази ташхисӣ бойтории гурӯҳи навоҳии Кӯлоб, ки ҳамсари худро мудири хоҷагии ин ниҳод таъйин карда буд, чоршанбеи 24 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ Идигул Тешаева пеш аз санҷиши кормандони Оҷонсии молиявӣ мубориза бо фасод таъин шуда буд. Ҷаноби Файзулоев афзуд, ки ҳамсараш Идигулро ба он хотир ба ин вазифа таъин кард, ки дар масоили кори хоҷагидорӣ ҷиддӣ буд ва касеро намегузошт, ки бе иҷозаи ӯ аз ин идора чизе ба берун барорад. Ӯ мегӯяд, ки аз ин рӯ, ба ин вазифа ҳамсарашро таъин карда буд.

«Ман намедонистам, хешони наздики иҷозат нест, дар вазифаҳои асоси кор кунад. Ӯ аввалан дар ҳаминҷо ҳамчун лаборант аз солҳои 1980 кор мекард. Дар ҳамин вазифаи мудири хоҷагӣ низ се моҳ кор кард, ки коррупсия омада, санҷиш гузаронд, мо ӯро аз вазифа гирифтем. Ҳоло дар хона нишастааст, кор намекунад, ҳарчанд, ки маоши мо на он қадар зиёд аст.»

Зимнан, коршиносони тоҷик мегӯяд, маоши ками ходимони давлатӣ онҳоро ба фаъолиятҳои хешу таборӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон водор мерасонад. Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамеша дар радифи фасодзадатарин кишварҳои дунё ном бурда мешавад.

Хешутаборгароӣ дар тақсимоти кадрии ҳукумати Тоҷикистон дар ин авохир ба як мавзӯъи умдаи матбуоти маҳаллӣ табдил ёфтааст. Расонаҳо менависанд, дар мақомҳои баланди давлатӣ акнун батадриҷ насли нави хешу табори раҳбарони аввали кишвар, аз ҷумла фарзандону домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ба хатти аввал мебароянд.

XS
SM
MD
LG