Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи 13 узви раёсати ҲНИТ дар Додгоҳи олӣ


Субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи аъзои раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ пас аз 15 рӯзи танаффус, оғоз шуд. Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиа вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо ширкат доранд. Дар назар аст имрӯз айбдоршавандаҳо бар асоси айбномаҳои парвандаҳо, ки аз тарафи Додситонии кулл ирсол дошта шудааст, пурсида шаваyд.

Наздикони аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ мегӯянд, дар мурофиаи гузашта бархе аз айбдоршавандаҳо, ки мавриди пурсиш қарор гирифтанд, даст доштани худ дар иттиҳомотеро, ки айбдор карда шудаанд, рад кардаанд. Аммо вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо ҷараёни баррасии парвандаҳои аъзои раёсати ин ҳизби мамнӯъро бо дар назардошти махфӣ будани парванда, шарҳ надоданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9-уми феврал оғоз карда буд. 13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Ин мурофиа дар ҳоле идома дорад, ки рӯзи 8 феврал Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

XS
SM
MD
LG