Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши мухолифон роҷеъ ба Рамзан Қодиров


Иля Яшин

Иля Яшин

Дар як нишасти хабарӣ, ки бино ба гузоришҳо, бо таҳдиди бамгузорӣ қатъ шуд, Иля Яшин-яке аз раҳбарони мухолифони давлати Русия аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури ин кишвар хост, ки Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистонро аз мақомаш барканор кунад.

Иля Яшин дар суханронии худ зери унвони “Таҳдид ба амнияти миллӣ” 23 феврал гуфт, ҳадафи аслии матни суханронии вай ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба истеъфои Рамзан Қодиров аст.

Яшин таъкид кард, ки масъулияти кирдорҳои режими Чеченистон бар дӯши Путин низ вогузор мешавад, яъне масъулияти афзоиши ришвахорӣ ва саҳлангориву нодида гирифтани он аз тарафи мақомоти Русия.

Ин раҳбари мухолифони давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки Рамзан Қодиров дар Чеченистон як давлати исломигунае сохтааст, ки ба шариати исломӣ дуруст намеояд ва ҳадафи он эҷоди кеши шахсияти худаш аст.

XS
SM
MD
LG