Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифини тоҷик дар Истамбул ва Вена


Тазоҳургарон дар Вена

Тазоҳургарон дар Вена

Рӯзи 23 феврал ду гурӯҳи хурди мухолифини ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Венаи Австрия тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Дар Истамбол ин эътироз дар назди бинои консулгарии Тоҷикистон ва дар Вена дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо доир шудааст. Эътирозгарон шиорҳоеро бо талаби хатми таъқиби дигарандешон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ва озодии маҳбусони сиёсиро дар даст доштанд.

Як рӯз пеш, дар Душанбе як гурӯҳи ҷавонон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Туркия ҷамъ омада, талаб карданд, ки Туркия ва кишварҳои Аврупо ба тазоҳуроти мухолифини тоҷик роҳ надиҳанд ва раҳбарони мухолифонро ба Тоҷикистон таслим кунанд.

XS
SM
MD
LG