Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми омӯзгори 67-сола барои қатли келини маскуншудааш


Акси Лутфиннисо Маҳмудова

Акси Лутфиннисо Маҳмудова

Мулло Ашрафов, омӯзгори 67-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барои қатли келинаш, ки бо қарори додгоҳ ҳамроҳи чор кӯдак дар манзили ӯ маскун шуда буд, барои бист сол равонаи зиндон гардид.

Додгоҳи вилояти Суғд Мулло Ашрафов, омӯзгори 67-солаи литсейи касбӣ-техникӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли Лутфиннисо Маҳмудова – келин ва ҳамзамон хоҳарзодааш – ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ҳомидҷон Муҳаммадзода, додраси парванда гуфт, Мулло Ашрафов келинашро, ки бо қарори додгоҳ ҳамроҳи чор кӯдак дар хонаи ӯ маскун шуда буд, дар аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ бо ҳашт зарби корд ба қатл расондааст ва мӯҳлати адои ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Ин ҳукми додгоҳ рӯзи 22 феврал содир шуда, худи Мулло Ашрафов дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, танҳо баъди лабрез шудани косаи сабр ба ин кор даст задааст. "Агар ба коса ҳар рӯз аз боло як қатра об чакидан гирад, коса лабрез мешавад. Косаи сабри ман ҳам лабрез шуд. Ман то кай мебардорам?" - афзудааст ӯ.

Мулло Ашрафов

Мулло Ашрафов

Мулло Ашрафов қаблан дар бозпурсии муфаттишон гуфта буд, ки қатли келинаш дар пайи ҷанҷоли оилавӣ сурат гирифта ва агар ӯ маъзаратхоҳӣ мекард, кор то инҷо кашида намешуд.

Ин омӯзгор дар 15 соли пеш духтари хурдии хоҳараш Нуриннисо Ашрафоваро ба писари худ келин карда ва зиндагии онҳо бо чор фарзанд то як-ду соли охир бахубӣ ҷараён доштааст. Аммо бештар аз як сол боз муноқишаи миёни онҳо авҷ гирифта, келини Мулло Ашрафов аввал ҳашт моҳ дар хонаи модараш зиста, сипас бо қарори додгоҳ ҳамроҳи чор фарзандаш дар хонаи Мулло Ашрафов маскун гардидааст.

Нуриннисо Ашрафова, модари Лутфиннисо дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида баромад карда ва гуфт, ки қатли духтариаш кори бародараш нест, балки дар ин қазия домодаш гунаҳкор аст. Ӯ гуфт, "мо медонем, ки ин корро кӣ кардааст. Ин корро писараш кардааст ва ӯ гуноҳро ба гардан мегирад." Вале Мулло Ашрафов дар додгоҳ гуфтааст, дар ин кор писараш даст надорад ва ҳамаи гуноҳи ин қазия бар гардани ӯст.

Вай дар муноқишаи оилавӣ, баръакс, аз гиребони хоҳараш Нуриннисо Ашрафова гирифта ва гуфтааст, ки гӯё сабабгори ҳамаи ин ҳодисаҳо ӯ буд.

Дар толори додгоҳ модари 90-солаи Мулло Ашрафов ва Нуриннисо Ашрафова низ иштирок дошт ва ӯ дар лаҳзаҳои охири мурофиа хитоб ба писараш, ки дар паси панҷара қарор дошт, гуфт: "Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки хонаашонро ҷудо карда деҳ, бигзор бо фарзандонаш зиндагӣ кунад. Чаро инро накардӣ?"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ хабар дод, ки омӯзгори 67-солаи литсейи касбӣ-техникӣ дар вилояти Суғд Мулло Ашрафовро боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ, шаби 13 январ Мулло Ашрафов дар ҳавлии истиқоматиаш дар пайи муноқиша келинашро чанд бор бо корд зада ва дувумӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз ин қабл дар моҳи октябри соли гузашта додгоҳи Кӯлоб сокини ин минтақа Саид Аҳмадовро барои қатли келини 23-солааш нуздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Нилуфар Алиҷонова -- сокини деҳаи Навободи Кӯлоб бар асоси қарори додгоҳ аз писари Саид Аҳмадов ҷудо шуда, аммо ба далели надоштани ҷойи истиқомат ҳамроҳи ду фарзанди кӯчакаш дар хонаи онҳо ҷойгир шуда буд. Ӯ моҳи июли соли гузашта аз ҷониби хусураш бо панҷ зарби корд кушта шуд.

Зиндагии Нилуфари 23-сола дар хонаи шавҳари собиқаш (баъди талоқ гирифтан) ҳамагӣ ду моҳ давом кардааст. Зимнан бар асоси Кодекси манзил ва Кодекси оилаи Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад.

Баъди ду ҳафтаи қатли Алиҷонова дар Кӯлоб аз сӯи хусураш, Нигина Ҳасанова - як сокини дигари минтақа аз болои падаршӯяш ба пулис шикоят кард ва гуфт, ки ӯро бо деги компот сӯзондааст. Ҳасанова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ низ дар хонаи ҳамсараш маскун шуда буд, аммо падаршӯ ва волидайн ӯро намегузоштанд, ки дар хонае, ки аз сӯи додгоҳ маскун шуда буд, ба сар барад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии тобистони соли гузаштааш гуфт, ба додрасҳо супориш шудааст, баҳсҳои маскуншавиро ба таври махсус биомӯзанд ва дар ниҳоят роҳи ҳалли чунин баҳсҳоро пешниҳод кунанд. Ӯ гуфт, аз ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки вақте ариза дар бораи бекоркунии никоҳро мегиранд, ҳамзамон аз ҷонибҳо даъват кунанд, ки баҳсҳои алимент ва молу мулкиро низ матраҳ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран пас аз як соли талоқ даъвои молу мулк ва алимент мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG