Пайвандҳои дастрасӣ

Барои ҳимоят аз раиси боздоштшудаи Иттиҳоди хабарнигорони Қазоқистон ва раҳбари Маркази миллии матбуотӣ Сейтқазӣ Матаев дар муроҷиат ба додситонии кулл имзо ҷамъоварӣ мешавад.

Ба иттилои КазТАГ, зери ин муроҷиатнома аллакай беш аз 200 нафар имзо гузоштаанд. Хабарнигорони маъруфи Қазоқистон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз Сейтқазӣ Матаев пуштибонӣ мекунанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки матни онро созмони ҳимояи матбуоти “Адил соз” низ паҳн кардааст, аз додситонии кулл дархост шудааст, таҳқиқи ин парвандаро зери назорати махсус гирифта, шаффофият ва ошкорбаёнии ҳадди ақали онро таъмин кунад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки бояд эҳтимолияти бегуноҳӣ, ки онро қонун кафолат медиҳад, махсусан риоя гардад.

Сейтқазӣ Матаев ва писараш Асет, мудири кулли хабаргузории КазТАГ ба бахши алматоии дафтари миллии мубориза бо фасод интиқол дода шудаанд. Баъд аз муддате Асет Матаев озод шуд, аммо Сейтқазӣ Матаев ҳамчунон дар боздошт аст.

Мақомот мегӯянд, КазТАГ ва Маркази миллии матбуотӣ дар парвандаи гӯиё “дуздии муқарраршудаи” беш аз 300 миллион танга (850 ҳазор доллари феълӣ) дар солҳои 2011-2015 шарик ҳастанд. Матаевҳо ин айбро рад мекунанд. Ҳодисаи рухдодаро онҳо “талоши фишор ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо” унвон карданд.

XS
SM
MD
LG