Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД иддаои сӯиқасд ба хабарнигорро рад кард


Суханони сардабири рӯзномаи “Пул ва ҳокимият” Турат Акимов, ки гӯиё дар паси ҳамла ба вай дар таърихи 20 феврал эҳтимолан раҳбари ВКД -и Қирғизистон Мелис Турғунбоев истода бошад, бо ҳақиқат мувофиқ нест.

​Дар ин бора сухангӯи ВКД Бакит Сеитов хабар дод. Вай афзуд, ки изҳороти Акимов айби хеле ҷиддӣ аст.

Турат Акимов гумон мекунад, ки дар паси ҳамла ба ӯ раҳбари ВКД истодааст. Хабарнигор ҳеҷ далелеро пеш наовард, аммо гуфт, агар бо вай ва ё наздиконаш ҳодисае рух диҳад, ӯ дар Интернет сабти сӯҳбати пештар баргузор шудааш бо раҳбари ВКД Мелис Турғунбоев ва ёвари ӯро нашр мекунад.

Бакит Сеитов хабар дод, ки Турат Акимов ва Мелис Турғунбоев 18 феврал ба ибтикори хабарнигор мулоқот карда буданд. Ба гуфтаи вай, дар ин дидор масъалаи як одаме баррасӣ шудааст, ки бояд аз хориҷи кишвар биояд. Аммо мулоқот бо нафари хориҷӣ баргузор нашудааст.

Ёдовар мешавем, шахсони номаълум 20 феврал дар Бишкек ба сардабири рӯзномаи “Пул ва ҳокимият”, сиёсташинос Турат Акимов ҳамла карданд. Ба гуфтаи худи хабарнигор, ин ҳодиса замоне рух дод, ки вай мехост мошинашро вориди ҳавлӣ кунад.

“Ба сарам бо маводи оҳанӣ заданд. Ин талоши ҳамла ба ман набуд, маро мехостанд бикушанд. Фикр мекунам, ин бо фаъолияти ман вобаста аст”, - гуфт вай ва афзуд, ки баъди нишон додани муқобилият, ҳамлагар фирор кард.

Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаи “Авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Таҳқиқи онро бахши милитсияи ноҳияи Первомайи Бишкек анҷом медиҳад. Аммо худи хабарнигор мегӯяд, ки таҳқиқи онро бояд КДАМ ба зимма гирад.

XS
SM
MD
LG