Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наримбоев аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ гузаронда шуд


Ермек Наримбоев, фаъоли ҷамъиятии қазоқ, ки дар СИЗО нигаҳдорӣ мешуд, ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтааст.

Пештар дар Интернет навори "тавбаи" Наримбоев интишор шуда буд.

Ҳамсари Ермек Зоя Абилдина дар бораи ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтани шавҳараш хабар додааст. Аммо Наримбоев ҳаққи дастрасӣ ба интернет ва робита бо рӯзноманигоронро нахоҳад дошт.

Фаъоли ҷамъиятӣ Ермек Наримбоев 22 январ ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай дар барангехтани ихтилоф айбдор мешавад. Вакили дифои вай Жанара Балгабоева 10 феврал аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурда буд.

Наримбоевро тибқи моддаи "Барангехтани бадбинии иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ ва динӣ" маҳкум ба зиндон карданд. Дар ибтидои баррасии парванда Наримбоев айбҳояшро рад мекард, вале баъдтар вай ҳукмро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG