Пайвандҳои дастрасӣ

Хонандагони синфҳои 6-9-ро муоинаи гинекологӣ мекунанд


Дар вилояти Хоразми Узбакистон хонандагони синфҳои 6-9-ро дастҷамъона ба муоинаи гинекологӣ мебаранд. Яке аз омӯзгорони мактаби миёнаи №9 дар шаҳри Урганҷ мегӯяд, Раёсати таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хоразм дастур додааст, ки хонандагони мактабҳо аз муоинаи гинекологӣ бигузаранд.

"Ҳоло хонандагонро ба синфҳо ҷудо кардаем, онҳо бояд ташхиси ултрасадоиро (УЗИ) бигзаранд. Рӯзи ҷумъа духтарони синфҳои 6-ро бурда будем, имрӯз хонандагони синфҳои 7-ро, дар рӯзҳои навбатӣ хонандагони дигарро мебарем," - гуфт ин омӯзгор.

Омӯзгорон аз шарҳи ҳадафҳои ин ташхис худдорӣ меварзанд. Аммо модарони хонандагони мактабҳои миёна мегӯянд, ки духтаронашон ба хотири пешгирӣ аз ҳомилагӣ муоина мешаванд. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, муоинаи гинекологӣ дар мактабҳои Хоразм бе иҷозати волидон ва зери назорати кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG