Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари инфиҷори як бомба дар вилояти Парвони Афғонистон дар рӯзи гузашта 13 нафар кушта ва 17 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои муқаддамотӣ, фарди худкуш бомабаеро дар наздики маҳалли пулис инфиҷор карда ва як пулис низ дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳамчунин, дар шаҳри Пули Хумрии вилояти Бағлон дафтари муовини волӣ ё раиси вилоят тирборон шудааст, ки бар асари он 1 нафар куша ва 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти ҳамалоти рӯзи гузаштаро гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG